Язык сайта в процессе перевода.

Мумфаршкунии роҳҳо

Мумфаршкунии роҳҳо

Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои раисони вилоят ва шаҳр бобати мусобиқаи ҷумҳуриявии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» тадбирҳои мушаххас андешида мешавад ва дар ин раванд дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонӣ идома дорад.

Ташкили чунин озмунҳо бошандагони маҳаллаҳоро ба ободониҳо ҳидоят менамояд. Бо руҳбаландӣ, бо ҳисси он, ки ба макони зисти худ доранд, ба маҳалла таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, барои ободонӣ камар бастаанд.

Бо ин мақсад мумфарш ва чароғон кардани роҳҳои якчанд маҳаллаҳо, рангубори майдончаҳои кӯдакон ба роҳ монда шуда, соҳибкорони маҳаллӣ, саховатмандон ба ин тадбирҳо даст зада истодаанд. Аз ҳисоби маблағи худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраки Ҷавонон 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, 2 км роҳ мумфарш карда шуд.

Соҳибкори маҳаллӣ, сокини кӯчаи Усмонбек Равшан Азизов иқдом пеш гирифта, роҳҳои маҳалли зист ва атрофи онро мумфарш кард, ки боиси хушнудии сокинони маҳал гардид. Чунин иқдомҳо шоистаи дастгириву пайравӣ буда, дар дигар маҳалҳо низ байни бошандагон пайравони худро пайдо намуда истодааст.

13:51
237
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб