Язык сайта в процессе перевода.

«Шантаж»-и духтари нобилиғ дар Конибодом

«Шантаж»-и духтари нобилиғ дар Конибодом

Ба иттилои сарчашма санаи 2-юми марти соли ҷорӣ кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ И.У.- и 17 соларо, ки хонандаи яке аз макотиби таҳсилоти умумӣ мебошад, бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт намудаанд.

Дар натиҷа муайян карда мешавад, ки боздошт шуда соли 2014 бо духтари ноболиғ Н.П.-и 15 сола, ки хонандаи ҳамон мактаб дониста шудааст, шинос гашта бо телефони мобилиаш акси муқаррарии вайро мебардорад. Пас аз муддате муносибати онҳо тағийр мукунаду боздоштшуда расми духтари ноболиғро тариқи барномаи «Фотошоп» бо тани аз миёнболо пурра урён месозад. Ва тамаҷӯёна ба ӯ таҳдид мекунад, ки агар маблағи гуфтагиашро надиҳанд, акси нимбараҳнаи Н.П.-ро тавассути шабакаи интернетӣ паҳн намуда, духтарро бадном месозад.

Манбаъ меафзояд, ки рӯзи 14-уми феврали соли равон Н.П. ба боздоштшуда тавассути рафиқаш 100 сомонӣ медиҳад. Вале боздоштшуда ба ин қонеъ нагашта, 5 рӯз пас, аниқтараш 19-уми феврал аксҳои зикршударо ба телефони мобилии ҳамсинфаш Ҳ.М. ирсол мекунад, ки пас аз он аксҳо паҳн мегарданд. Модари духтар пас аз огоҳ гаштан аз ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Санҷар Ҳошимӣ

20:34
1006
Шерзод
00:07
а нех*** было отправлят фотографию
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб