Язык сайта в процессе перевода.

Ифтитоҳи майдончаҳои нави варзишӣ

Ифтитоҳи майдончаҳои нави варзишӣ
Санаи 3 июн дар таърихи Канди куҳан воқеаи фараҳбахш рух дод. Барои дӯстдорони варзиш дар дохили боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр ду майдончаи сунъии варзишӣ барои бозиҳои футбол бо фарогирии тамоми шароитҳо бо 800 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Дилшод Ҷӯраев, роҳбарону фаъолон, зиёда аз 1000 нафар ҷавонону наврасон ва оммаи васеи аҳолӣ ширкат доштанд. Дар вазъияти тантанавӣ лентаи рамзӣ бурида шуда, суруди миллӣ садо дод. Сипас Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, ҳамагонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфт. Барои ин иқдоми наҷиб ва ташаббуси нек ба Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хоса ба Президенти Федератсия Рустами Эмомалӣ, ноиби Президенти Федератсия Дилшод Музаффарович арзи сипоси бепоён баён кард. Қайд кард, ки ақли солим дар тани солим буда, машғул будан ба варзиш кафили солимии рӯҳу тан аст ва бо бунёди чунин майдонҳои варзишӣ ба ҷавонону наврасон роҳ кушода, ба онҳо имкониятҳои бештар дода мешавад. Баъдан ноиби Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Дилшод Ҷӯраев ба сухан баромада, сокинони шаҳр, хусусан ҳаводорони футболро ба муносибати кушодашавии ин майдонҳои варзишӣ шодбош гуфт ва изҳори умед кард, ки минбаъд ҷавонону наврасони шаҳр дар ин майдонҳои нав машқу тамрин гузаронида, дастаи футболи шаҳр боз ҳам пешсаф мегардад ва кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард. Нахустин бозии футбол дар майдони варзишӣ аз ҷониби Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва ноиби Президенти Федератсияи футболи кишвар Дилшод Ҷӯраев бо задани тӯб ба дарвоза оғоз ёфт. Ба чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла баромади санъаткорони пойтахти кишвар ва шаҳрамон ҳусни тоза бахшид. Байни наврасону ҷавонон бозиҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуда, хеле шавқовар сурат гирифта, ба ғолибон тӯҳфаҳо супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки ба бунёди майдонҳои варзишии мазкур моҳи феврали соли равон оғоз бахшида шуда, бо маблағгузориву таваҷҷӯҳи махсуси Федератсияи Футболи ҷумҳурӣ ва дастгирии роҳбарияти шаҳр дар муддати кӯтоҳ сохмони он анҷом ёфта, ба истифода дода шуд. Ба истифода дода шудани ин майдонҳои варзишӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тӯҳфаи арзанда буда, бунёди чунин варзишгоҳҳо ба рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, зиёд намудани шавқи онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш ва дар пешгирии шомилшавии насли ҷавон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат мекунад.
20:05
737
мирзо
14:55
по любому сделают платным
15:02
если уже не сделали
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб