Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили иди кӯдакон дар шаҳр

Таҷлили иди кӯдакон дар шаҳр

Зиёда аз ним аср аст, ки аз рӯйи анъана, бо мақсади бори дигар рӯй овардан ба масъалаҳои кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҷомеа ва ҳаллу фасли саривақтии муаммоҳои ҷойдоштаи ин самт дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил карда мешавад.

Дар кишвари мо низ санаи 1 –уми июн, иди писандидаи кӯдакону наврасон ҳисобида шуда, миёни ҳамагон ҳамчун яке аз рӯзҳои муборак маҳбубият дорад.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳр аз 19 майи соли 2016 «Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» дар маркази шаҳр бахшида ба Иди кӯдакон чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Иштирокдорони чорабинӣ нахуст аз намоиш-виставкаи корҳои эҷодии кӯдакону наврасон дидан карданд.

Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва баромад намуда, кӯдаконро бо идашон шодбош гуфт. Баъдан аз ҷониби шаҳрдор ба ғолибони озмунҳое, ки дар доираи ҳафтаи кӯдакон баргузор гардиданд, тӯҳфаҳо супорида шуд. Чун ҳамасола дар ин рӯз дар саҳни чойхонаи «Дилписанд» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Хазинаи кӯдакон сабқати телевизионии хайриявӣ таҳти унвони «Парастуи орзу» баргузор гардид, ки дар он ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша саҳми худро гузоштанд. Барномаи рангини консертӣ таҳти унвони «Кӯдакон сарвати бебаҳои миллатанд» ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид.

Бояд қайд кард, дар шаҳр ба муносибати иди кӯдакон силсилаи чорабиниҳо доир гардиданд. Аз ҷумла, баргузории ҳафтаи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон-ояндаи дурахшони Тоҷикистон» идома ёфта, дар ин радиф якчанд чораҳо амалӣ карда шуданд. Аёдати бачагони ятиму бепарастор ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, ташкил ва гузаронидани озмуни кастинг баҳри дарёфти истеъдодҳои нав-суруд, рақс ва шеърхони беҳтарин, баргузории озмуни «Шукуфаҳои Истиқлол», ташкили чорабиниҳои идона дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки дар арафаи Иди кӯдакон ба иҷро расонида шуданд.

Дар рӯзи таҷлили Иди кӯдакон дар ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев боғчаи бачагонаи хусусии «Беҳрӯз» ба фаъолият оғоз намуд. Ин муассиса аз тарафи соҳибкор Муродҷон Абдуллоев дар заминаи собиқ бинои идораи ҷамоат бунёд гардида, 75 нафар тарбиятгирандагонро фаро гирифта, дар он 6 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Тибқи маълумотҳо имрӯз дар шаҳр 1208 нафар кӯдакони ятиму нимятим ва бепарастор зиндагӣ намуда, аз онҳо 55 нафарашон мутобиқи Қарори Раиси шаҳр зери васояту парасторӣ қарор доранд. Теъдоди кӯдакони имконияташон маҳдуд бошад, 436 нафарро ташкил мекунад, ки ҳамаҷониба бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар қайди Хазинаи кӯдакони шаҳр бошад, зиёда аз 1000 нафар кӯдакони ятиму нимятим қарор доранд, ки онҳо низ мунтазам аз маблағҳои хайрия бо ғамхориҳо фаро гирифта мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар навбати худ, хусусан ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбу эҳтиёҷманд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, баҳри кӯмаку дастгирии ин гурӯҳи осебпазир мунтазам корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.

23:41
294
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб