Язык сайта в процессе перевода.

Ду ғалабаи «Канд»

Ду ғалабаи «Канд»

Дар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи асосии шаҳрамон «Канд» мебоист дар майдони худ бо футболбозони дастаи «Исфара» қувваозмоӣ мекард. Вале варзишгарони ҳамсояшаҳр 24 май ба шаҳрамон ҳозир нашуданд.

Тавре аз Федератсияи футболи миллии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, тибқи Низомномаи бозиҳои Ҷом дастаи «Канд» аз рӯи ҷамъбасти ду бозии баргузорнашуда ғолиб дониста шуда, соҳиби роҳхат бар марҳилаи минбаъда гардид. Акнун 24 июн «Канд» бояд бо яке аз дастаҳои пойтахт рӯ ба рӯ шавад. Инро Федератсияи мазкур муайян хоҳад кард.

Дар бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон бошад, 12 июн «Канд» (Конибодом) дар майдони худ бо дастаи «Локомотив» (Душанбе) вомехӯрад.

15:22
251
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб