Язык сайта в процессе перевода.

Пешгирии зуҳуроти номатлуб

itemprop="contentUrl"
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар коллеҷи омӯзгории шаҳр бо иштироки кормандони ШКД-и шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Намояндагони ШВКДҶТ дар шаҳри Конибодом нозири минтақавӣ Раҷабов Иброҳимҷон, сардори минтақаи хизматӣ Султонов Бахтиёрҷон дар вохӯрӣ иштирок ва баромад намуда, оид ба пайдоиш ва нуфузи равияҳои тундгаро, аз қабили терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва оқибатҳои нохуши онҳо сухан ронда, ба донишҷӯён маълумоти муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки солҳои охир гаравидани аксари ҷавонони гумроҳшуда ба сафи чунин ифротгароён афзуда, оқибатҳои бад пеш меорад. Бинобар он дар гирифтани пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлуб ягон шаҳрванд набояд бетарафӣ зоҳир намояд, махсусан ҷавонон, ки қишри фаъолу бонуфузи ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан рафта, беназорат намондани ноболиғону ҷавонон махсусан таъкид карда шуд. Дар навбати худ донишҷӯёни коллеҷ дар вохӯрӣ фаъолона ширкат варзида, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
13:53
189
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб