Язык сайта в процессе перевода.

Рейдҳои санҷишӣ

itemprop="contentUrl"
Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳр гузаронидани рейдҳои санҷиширо дар нуқтаҳои хизматрасонии шаҳр, ошхонаю фурӯшгоҳҳо идома дода, ҷиҳати таъмини амнияти санитарии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ чораҳои судманд амалӣ намудааст. Рейди навбатии кормандони муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳр бо роҳбарии сардухтури он Аҳмадҷон Шарипов дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан идома ёфт. Имрӯзҳо, ки фасли гармо фаро расида, эҳтиёҷоти мардум ба нӯшокиҳои ташнашикан бештар мегардад, ба сифатнокии маҳсулоти гӯштӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан аҳамияти зарурӣ додан лозим аст. Чуноне ки рейдҳои санҷишӣ нишон дод, аксарияти фурӯшгоҳҳои нӯшокиҳо ба оддитарин қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар ин нуктаҳо ҷойи шустани стаканҳо кор намекунад, нӯшокӣ ва дигар шириниҳои нуктаҳои савдо дар сари роҳ ҷойгир буда, аз чангу ғубори роҳ ҳифз карда нашудааст. Мувофиқи қоидаҳои санитарӣ фурӯши маҳсулоти худсохт, аз ҷумла, компот, дӯғоб ва дигар нӯшокиҳои дар хона сохташуда манъ карда шудааст. Кормандони маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ҷиҳати маҳсулоти худсохт нисбати баъзе фурӯшандагон санадҳо тартиб доданд. Қабл аз ин ҳам аз ҷониби маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар нуктаҳои хизматрасонӣ ва савдо ҳамин гуна рейду санҷиши назоратӣ гузаронида шуда, нисбат ба фаъолияти эпидемиологию санитарии фурӯшгоҳҳо санадҳо тартиб дода шуданд.
13:53
195
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб