Язык сайта в процессе перевода.

Вохӯрӣ бо омӯзгорони мактаби хусусии ба номи О.Ҷӯраев

Вохӯрӣ бо омӯзгорони мактаби хусусии ба номи О.Ҷӯраев

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар мактаби хусусии ба номи «О.Ҷӯраев» вохӯрӣ ташкил карда шуд. Дар он ҷонишини Холматова Х ва раиси собиқадорони КИШ ҲХДТ Мақсудов Р. Ширкат варзида, доир ба ҳадафҳои ҲХДТ, аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз, дастовардҳои Истиқлолият, ки дар таъмини он саҳми аъзоёни фаъоли ҳизб назарас аст, эҳтироми рамзҳои давлатӣ баромад намуда, омӯзгоронро бо Иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 11 нафар омӯзгорони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин ба роҳбари муассисаи таълимӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ҷӯраев Р. барои фаъолияти ибратбахш ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳм гузоштан дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Барномаи ҲХДТ Ифтихорномаи КИШ ҲХДТ тақдим карда шуд.

Дар анҷом маъмурияти муассиса ва омӯзгорон барои ташкили чунин вохӯрӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

15:57
186
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб