Язык сайта в процессе перевода.

Мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар мактаб-парастишгоҳи №40 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом вохӯрӣ  гузаронида шуд.          

Зимни баромади худ директори мактаб парастишгоҳ №40 Тӯйчиев М. қайд намуд, ки кулли мардуми Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо дар фазои сулху субот бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Санаи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ - Парчами давлатӣ гардид.

Сипас Бобоҷонзода А.Т – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҳамаи омӯзгорон ва хонандагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатиро нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодон арзёбӣ кард.

Омӯзгорони мактаб-парастишгоҳ низ бо маърӯзаҳои омоданамудаи хеш баромад намуданд ва аз ҷониби толибилмон шеърҳо дар васфи Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ қироат гардид.

Дар интиҳои вохӯрӣ Бобоҷонзода А.Т - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба 11 нафар омӯзгороне, ки дар арафаи ид ба сафи ҳизб пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуд.

Ҳамин тавр, вохӯрӣ самимиву судманд анҷом пазируфт. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

   

Источник: Konibodom.tj

15:56
87
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб