Язык сайта в процессе перевода.

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони МНДСЭ

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони МНДСЭ

Ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони МНДСЭ –и шаҳр дар ҷамоати деҳоти Патар семинар-машварат гузаронида шуд. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, алалхусус, зардпарвини намуди А, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва фаъолони ҷамоат мебошад. Зимни машварат бо мақсади дар оянда барои пешгирии ин намуди бемории сироятӣ дар манбаъҳои сироятӣ пешниҳодҳо дода шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби намояндагони шуъбаи безараргардонии шаҳр вобаста ба ин якчанд таклифҳо пешниҳод шуд. Барои баланд бардоштани маърифати санитарии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати мазкур дар мавзӯи «Бемрии сироятии зардпарвини А ва пешгирии он» диктант гирифта шуд. Дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабии ҳудуди ин ҷамоат инчунин ҷиҳати ташкили оби босифати ҷӯшонидашуда барои истеъмоли хонандагон, тозаю озод нигоҳ доштани муҳити атроф, саривақт баровардани партовҳо ба ҷойҳои махсус дастурҳо дода шуд.

Баргузории чунин семинарҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ идома меёбад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

14:22
134
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб