Язык сайта в процессе перевода.

Бахшида ба солгарди Иҷлосияи ХVI ва Рӯзи Парчами давлатӣ

Бахшида ба солгарди Иҷлосияи ХVI ва Рӯзи Парчами давлатӣ

Дар коллеҷи технологии шаҳр ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо чанд нафар иштирокчиёни Иҷлосия мулоқот доир шуд. Дар мулоқот узви Иттифоқи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсоз Нуъмонҷон Муъминов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, иштирокчии Иҷлосия Исмоилҷон Юсупов, муовини Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом, иштирокчии Иҷлосия Иброҳим Раҷабов, фарзанди иштирокчии Иҷлосия Орипова Ф. иштирок ва баромад намуданд.

Ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму ҳунар ва дигар муассисаҳои миёнаи касбӣ аз хотираҳои иштирокчиёни Иҷлосияи сарнавиштсоз нақлҳои ҷолиб шунавида, шоҳиди наворҳо аз ҷараёни кору рӯзгори собиқ вакили Иҷлосия Баҳромҷон Орипов гаштанд.

Алалхусус, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсоз Нуъмонҷон Муъминов, ки дар таҳияи лоиҳаи Парчами давлатӣ ширкат варзидааст, суханронӣ намуда, вобаста ба ин рамзи давлатӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар Иҷлосия баррасӣ шудаанд, маълумот дод.

Омӯзгорони коллеҷ низ бо маърӯзаҳои омоданамудаи хеш баромад намуда, донишҷӯён шеърҳои баландмазмун қироат намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ба иштирокчиёни Иҷлосия, ки дар мулоқот ширкат варзиданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамин тавр, мулоқот самимиву судманд анҷом пазируфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

14:22
159
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб