Язык сайта в процессе перевода.

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар арафаи таҷлили ҷашнҳо

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар арафаи таҷлили ҷашнҳо

 

Тибқи фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шущли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ байни хонандагони муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр мусобиқаи шоҳмот ва шашка гузаронида шуд.

Мусобиқаро омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Ҳусниддин Сайфиев ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Хайриниссо Мавлонова сарварӣ намуданд, ки дар он зиёда аз 30 нафар хонандагон аз бахшҳои мухталиф ширкат варзида, зиракиву чусту чолокӣ нишон доданд.

Мусобиқа аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҷамъбаст карда шуда, щолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрёбӣ шуданд.

Ҷойи аввал дар намуди бозии шоҳмот насиби хонандаи гуруҳи 11 аз ихтисоси «Муҳосиб бо дониши компютерӣ» Аслиддин Раҳимов гашт.

Зинаи дуюмро дар ин намуд байни духтарон Хушчирой Орипова аз ихтисоси «Муҳосиб бо дониши компютерӣ» ишщол намуд.

Дар бозии шашка бошад, байни духтарон ҷойи аввалро хонандаи гуруҳи 20 ихтисоси «Муҳосиб бо дониши компютерӣ» Ганҷина Отаҷонова соҳибӣ намуд. Байни ҷавонписарон бошад, Амир Қаҳҳоров аз гуруҳи 08 ихтисоси «Челонгар-таъмири автомобил» ишғол кард. 

Ҳамин тавр, чорабинии варзишӣ шавқовару судманд анҷом ёфт.

Источник: Konibodom.tj

14:22
112
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб