Язык сайта в процессе перевода.

Мусовӣ бо пешсаф

Дар шаҳрамон вохурии марказии даври 20 дар Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) доир гашт. Дар он футболбозони дастаҳои ММФ (Конибодом) ва пешсафи мусобиқа дастаи «Истаравшан» аз шаҳри Истаравшан бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар иҳотаи мухлисони сершумор ҳарду даста бо ҳунарнамоии хубашон ба якдигар муқобилияти сахт нишон доданд. Дар бахши аввал ҳисоб кушода нашуд. Баъди танаффус дар дақиқаи 60-ум аввалин шуда, аз меҳмонон беҳтарин футболбози даста Илҳом Баротов бо як чусту чолокӣ якбора чор нафарро фиреб дода, тӯбро бо маҳорати баланд вориди дарвоза кард. Паси панҷ дақиқаи он аз соҳибони майдон футболбози хеле ҷавону умедбахш Фаридун Собиров ҳисобро баробар кард. Воқеан, футболбозони конибодомӣ агар дар мусобиқоти имсола аз ҷиҳати синну сол ҷавонтарин бошанд, пас меҳмонон пуртаҷрибатарину беҳтарин даста дар лигаи дуюм ба ҳисоб мераванд. Онҳо ният доранд, ки дар як муддати кутоҳ боз ба Лигаи олӣ баргарданд. Бале, даста бо сарварии сармураббӣ Бахтиёр Холиқов бо маҳорату истеъдоди баландаш аз оғози мавсими имсола боз пешсафиро аз даст намедиҳад. (47 холро дорост).

Дастаи ММФ (Конибодом) бо 38 хол дар зинаи ифтихории сеюм мустаҳкам ҷой гирифт. Варзишгарони мастчоҳӣ бошанд, бо 40 имтиёз мақоми дуюмро касб карданд. Вале баҳри талоши зинаҳои ифтихорӣ муборизаҳои пуршиддат идома доранд.

Источник: Konibodom.tj

14:22
89
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб