Язык сайта в процессе перевода.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии ҶТ имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо тибқи нақшаи махсус силсилаи чорабиниҳо баргузор шуда истодааст. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 дар ин радиф ҷамъомади идона доир гашт. Дар рафти чорабинӣ намоиши асарҳои Пешвои миллат ташкил карда шуд. Дар ҷамъомади пагоҳӣ ва нисфирӯзӣ хонандагон дар бораи Парчами миллӣ сухан карда, дар васфи Пешво ва рамзҳои давлатӣ шеърҳо қироат намуданд. Худи ҳамон рӯз озмуни «Шеърхони  беҳтарин» дар мавзӯи «Президент- қосиди сулҳ» баргузор гардид. Хонандагон Н.Ҳомидов, Ш.Раҳматов, Ҳ.Холиқова, Ш.Ғаниева, М.Розгелдиев, Ф.Турдиева, М.Исоева, Н.Сангинов хуб баромад намуданд.

Источник: Konibodom.tj

14:22
56
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб