Язык сайта в процессе перевода.

Оғози Фестивали байналмилалии Шашмақом дар шаҳри Конибодом

Оғози Фестивали байналмилалии Шашмақом дар шаҳри Конибодом

Шоми 20 сентябри соли 2017 дар маҷмааи Қаҳрамонони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аввалин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» ботантана оғоз гардид. Чорабиниро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли иштирокчиёни ҷашнвораро бо оғози он шодбош гуфтанд Зимни суханрониҳо перомуни аҳамият ва рушди санъати шашмақом сухан рафт. Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев ва Абдувалӣ Абдурашидов низ ҳозиринро табрик гуфта, насли ҷавонро ба  гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон - шашмақом ва рушду тарғиби он талқин намуданд. Сипас,  ансамблҳои шашмақомсаро аз шаҳрҳои Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Бўстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов истеъдоди навозандагӣ ва сарояндагии худро дар санъати шашмақом намоиш дода, соҳиби сертификат ва дипломи ҷашнвора гардиданд. Субҳи рўзи 21 сентябр дар маркази «Муроду мақсад»-и шаҳр Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзўи «Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият» дар доираи Фестивал оғоз гардид. Боиси зикр аст, Фестивали мазкур, ки бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом гузаронида мешавад, то 23 сентябр идома ёфта, дар он ансамблҳои шашмақомсаро аз дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

11:59
113
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб