Язык сайта в процессе перевода.

Баргузории мулоқотҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Баргузории мулоқотҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Конибодом низ вохӯриҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва интихобкунандагон баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо санаҳои 12-13 сентябр дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ, Эргаш Шарипов, Раҷаб Ҳамробоев ва Ғафурҷон Ортиқов баргузор гардид. Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Миралӣ Достиев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Равшан Раҷабов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок ва баромад намуданд. Гуруҳи кориро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Абдувоҳид Ҷалилӣ ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонзода ҳамроҳӣ менамоянд.  Зимни суҳбат бо сокинон вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов нахуст ҳозиринро ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, баъдан доир ба тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардида маълумот дод. Ҳайати гуруҳи корӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуда, ишора карданд, ки нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раванди паст кардани сатҳи камбизоатӣ басо назаррас маҳсуб меёбад. Ҳар як банду нишондодҳои қонун дар алоҳидагӣ шарҳ ва равшанӣ андохта шуд. Дар интиҳо сокинони шаҳр ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ иброз дошта, зикр доштанд, ки саҳми хешро дар татбиқи муваффақонаи ин санади муҳим хоҳанд гузошт. Чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ баргузор гардад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

13:42
198
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб