Язык сайта в процессе перевода.

Вохӯрии ҳайати гуруҳи корӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Пӯлодон

Бо мақсади иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмонидани  аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуруҳи корӣ бо роҳбарии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Конибодом Раҷабов Равшан Муҳиддинович ташриф оварда, дар шаҳрамон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд. Вохӯрии навбатӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар доир гашт. Гурӯҳи таблиғотӣ бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа – хоса фаъолони ҳудуди ҷамоатҳо бобати фаҳмонидани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ҷавонон, муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ободонии кишвари маҳбубамон, манфиати қонун дар беҳдошти рӯзгори мардум суҳбатҳои муфид анҷом  доданд. 

 

Источник: Konibodom.tj

13:42
73
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб