Язык сайта в процессе перевода.

Ифтитоҳи Хонаи саломатӣ дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев

Ифтитоҳи Хонаи саломатӣ дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев

Дар рӯзи таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев Хонаи саломатӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар расми ифтитоҳи ин марказ муовини аввали раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ иштирок ва суханронӣ намуда, сокинони деҳаро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфт. Пас аз буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти хонаи саломатии мазкур расман оғоз бахшида шуд.  Ёдовар мешавем, ки қаблан хонаи саломатии мазкур дар пункти пахтақабулкунии собиқ Ҷ/С ба номи М.Назаров ҷойгир буд. Баъди хусусигардонии ин иншоот ва номутобиқ будани ҷойгиршавиаш барои аз нав сохтани он зарурат пайдо шуд. Маблағгузори сохтмони иншоот соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Азимов буда, барои сохтмони он 153 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намудааст.  У ҳамчунин ба хонаи саломатӣ ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.  Иншоот аз  4 ҳуҷра иборат буда, минбаъд  дар он  1 нафар табиб, 4 нафар хоҳари шафқат ва 1 нафар корманди миёна (санитарка) фаъолият хоҳанд кард. Аз ҷониби сохтори КАТС-и шаҳр ба ин хонаи саломатӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ва мебел дастрас карда шудааст. Сохта ба истифода дода шудани хонаи саломатӣ дар арафаи Иди Истиқлолият барои сокинони деҳа туҳфаи хубе гардид

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

13:42
110
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб