Язык сайта в процессе перевода.

Кӯмак ба таълимгирандагони мактаб- парастишгоҳ

Кӯмак ба таълимгирандагони мактаб- парастишгоҳ

Дар арафаи таҷлили солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба таълимгирандагони мактаб-парастишгоҳи №40 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Аз ҷумла, аз тарафи сарпараст ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии идона дастурхони идона ороста шуд. Инчунин, барои таълимгирандагон дар оғози соли нави таҳсил, дар арафаи иди Қурбон ва  ҷашни Истиқлолият аз ҷониби ин ҷамъият маводи хониш, хӯрока ва табақчаҳо барои ошхона, асфалт барои мумфаршкунии саҳни муассиса дастрас гардид. Дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби сарпарастон кӯмак расонида шуд.

Дар чорабинии идонаи парастишгоҳ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд- директори муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилоят О.Юсуфӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Назирҷон Мамадов, намояндаи раёсати маорифи шаҳр Ҳусниддин Пӯлодов ва намояндаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Валиҷон Назриев иштирок ва баромад намуда, таълимгирандагонро ба муносибати ид табрик гуфтанд.

Аз ҷониби хонандагон барномаи рангини идона пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

12:32
177
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб