Язык сайта в процессе перевода.

Иштироки кишоварзони шаҳр дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят

Субҳи имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Ин ярмарка дар шафати Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар назди бинои Кохи матбуот доир гардида, ба гуфти масъулин маҳсулоти пешниҳодгардида нисбати бозор 20-30 фоиз арзон мебошад.

Дар шафати театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар қатори кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, ва Исфара кишоварзони шаҳри Конибодом низ фаъолона ширкат варзида, молу маҳсулоти ниёзи аввалро пешниҳоди мардум гардониданд. Дар назди Кохи матбуот низ чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзи сурат гирифта,  кишоварзони шаҳру навоҳӣ маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.

Дар ярмарка маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон, аз ҷумла як кило гушти гов 30 сомонӣ, картошка 2-2,5 сомонӣ, сабзӣ 1 сомониву 80 дирам, биринҷ 5 сомонӣ, тухм 50 дирам ба фурӯш гузошта шуд.

 

Источник: Konibodom.tj

12:32
53
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб