Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили иди китоб

Таҷлили иди китоб

Рӯзи гузашта ба муносибати иди китоб, ки ҳамасола бо шукуҳи нав ва ҷилои тоза баргузор мегардад, дар кохи фарҳанги «Бодом» ҷамъомад доир гашт. Нахуст қабл аз оғози тантана дар даромадгоҳ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр ташкил карда шуд. Ҳамчунин, сандуқи хайрия гузошта шуда, иштирокдорон саҳми худро дар ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои шаҳр гузоштанд. Маблағи он бевосита барои харидорӣ намудани китобҳои нодир равона хоҳад шуд.

Мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ ҷамъомадро оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати иди китоб табрик гуфт.

Аз ҷониби дӯстдорони ин ганҷинаи бебаҳо шеърҳои баландмазмун қироат шуд. Ихлосмандони каломи бадеъ, собиқадорон ва ҷавонони эҷодкор дар васфи китоб сухан гуфтанд.

Дастпарварони мактаби санъати бачагонаи шаҳр ва ансамбли «Хоҳаракон» бо сурудҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуданд.

Источник: Konibodom.tj

12:20
83
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб