Язык сайта в процессе перевода.

Дасти мадад ба ниёзмандон

Дасти мадад ба ниёзмандон

Дар доираи аксияи хайриявӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» барои дастгирии кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва ятим вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №8 Рауфҷон Бобоҷонов аз коргоҳи дӯзандагии Малика барои ду нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд - Дадоҷонов Нозирҷон (хонандаи МТМУ №7) ва Шарипов Сарвар (хонандаи МТМУ №5) сарулибос ва лавозимоти мактабӣ харидорӣ намуд.

Дӯстрӯякон ва волидони онҳо аз ин иқдоми нек шоду масрур гардида, арзу сипоси самимии хешро иброз намуданд ва ваъда доданд, ки фарзандонашон бо баҳоҳои хубу аъло мехонанд ва ба таълиму тарбияи фарзандашон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Источник: Konibodom.tj

12:20
58
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб