Язык сайта в процессе перевода.

Мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Бо мақсади ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни онҳо ва интихоби бозингарони беҳтарин бо иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои дарёфти Ҷоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и КИШ ҲХДТ бо дастгирии Раёсати маориф ва мактаби варзишии шаҳр шурӯъ аз санаи 5 сентябр байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар толори варзишии Литсейи касбии саноати кишоварзӣ мусобиқаи волейбол ташкил карда шуд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи волейбол ҷонишини раиси КИШ ҲХДТ Холматова Х. ва Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Шарипов А. ҷавонону наврасонро бо 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон табрик намуда, мақсади гузаронидани ин мусобиқаро шарҳ доданд.

Вакили Маҷлиси вилоятӣ Ғафурова З. таъсиси Ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИШ ҲХДТ-ро иқдоми хубу саривақтӣ дониста, иштирокчиёнро ба донишандӯзӣ, ватандӯстӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим даъват намуд.

Пас аз қуръапартоӣ мусобиқа шуруъ гардид.

Источник: Konibodom.tj

12:20
120
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб