Язык сайта в процессе перевода.

Дастурхони идона барои сарбозону афсарон

Дастурхони идона барои сарбозону афсарон

Дар рӯзи Иди Қурбон барои сарбозону афсарони қисми низомии воқеъ дар ҳудуди шаҳр дастурхони идона ороста шуд. Иқдоми мазкур аз тарафи роҳбарияти шаҳр ба роҳ монда шуда, боиси хушнудии ҳомиёни Ватан гардид.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин рӯз бо ҳайати ниҳод вохӯрда, онҳоро бо иди муқаддас шодбош гуфтанд. Низомиён сари дастурхони идона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу осуда ва шароити мусоид Иди Қурбонро таҷлил намуданд.

Источник: Konibodom.tj

17:10
140
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб