Язык сайта в процессе перевода.

Чорабинии "Шоми ҷавонӣ"-и аҳли санъати шаҳр дар боғи Камоли Хуҷандӣ

Чорабинии "Шоми ҷавонӣ"-и аҳли санъати шаҳр дар боғи Камоли Хуҷандӣ

Тибқи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили сазовори «Соли ҷавонон» дар боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии бошукуҳ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои дастии ҷавонони шаҳр ва ихтирооту навоварии онон оғоз ёфт.

Сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода якҷоя бо намояндагони роҳбарияти шаҳрамон аз намоишгоҳ дидан карда, бо ҷавонон суҳбатҳо доир намуданд. Зимни мулоқот сардори Раёсат ба ҷавонони навҷӯву эҷодкор маслиҳату тавсияҳо дода, ба ҳамкорӣ бо ҷавонони дигар шаҳру навоҳӣ даъват кард.

Баъдан дар ҳамин мавзеи зебову дилрабо чорабинии бошукуҳи аҳли санъати шаҳр пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.

Дар баргузории чорабинӣ асосан ҳофизону ҳунармандони ҷавон ҷалб гардида, он дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт.

Суруду таронаҳои дилошӯби ҷавонӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон, қироати шеърҳо аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳр, саҳнаҳои кутоҳи ҳаҷвӣ ва ҳунари навозандагии санъаткорони шаҳр табъи мизбононро болида гардонд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ҷавонон дар боғи Шайх Камол сайр намуданд.

Пайгирӣ аз ин иқдом бешубҳа ба дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дарёфту рушди соҳибистеъдодҳои ҷавон мусоидат хоҳад намуд.

Источник: Konibodom.tj

17:10
85
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб