Язык сайта в процессе перевода.

Аёдату дидорбинӣ дар арафаи Иди саиди Қурбон

Аёдату дидорбинӣ дар арафаи Иди саиди Қурбон

Дар арафаи иди саиди Қурбон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, саховатмандон, имомхатибон, вакилони маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ ва дигар шахсони хайрхоҳ зиёда аз ҳазор нафар шахсони маъюбу ниёзманд, ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ, аз қабили орду равған, биринҷ ва дигар маводи озуқа расонида шуд. Чунин кӯмакҳо ин навбат ба бошандагони кӯчаи «Нефтчиён» низ расонида шуда, онҳо бо ғамхориҳо фаро гирифта шуданд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ниёзмандонро дидорбинӣ намуда, ба муносибати ин рӯзи нек шодбош гуфтанд.

Аёдатшудагон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод гашта, ба роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр арзи миннатдорӣ карданд.

Источник: Konibodom.tj

17:10
37
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб