Язык сайта в процессе перевода.

Маҳфили навбатии «Хушдоманҳо»

Маҳфили навбатии «Хушдоманҳо»

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми ТҶ «Пайроҳаи хушбахтӣ» ҳар моҳ доир намудани маҳфили судманд бо иштироки хушдоманҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ин маҳфил бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ба хотири ободии оилаҳои ҷавон, пойдории муносибатҳои оилавӣ ва байниҳамдигарӣ роҳандозӣ гардида, маҳфили навбатӣ дар тарабхонаи “Гули бодом” доир карда шуд.

Дар маҳфил муовини раиси шаҳр, раиси Шӯрои занони шаҳр Ашурматзода З., собиқадорон, фаъолон ва модароне, ки фарзандонашон дар арафаи идивоҷ қарор доранд, иштирок намуданд. Нахуст муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода зимни суханронӣ ҳадафи ташкили маҳфилро шарҳ дод ва модаронро ба муносибати ҷашни висоли фарзандонашон табрик гуфт. Чанд нафар фаъолзанони шаҳр ва мутхассисони соҳаи тиб низ вобаста ба муносибати хушдоман бо арӯс, нақши хушдоман дар пойдориву устувории оилаҳои ҷавон сухан ронданд.

Дар ҷараёни маҳфил тариқи намоиши панду ривоятҳо ва саҳнаҳои тарбиявӣ ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи дурусти ҳам арӯсу хушдоманҳо андешарониҳо сурат гирифт. Маҳфили мазкур басо хотирмон ҷараён гирифта, мавзӯи тарбияи дурусти фарзанд низ баррасӣ карда шуд.

Источник: Konibodom.tj

15:59
193
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб