Язык сайта в процессе перевода.

Семинар бо оилабарпокунандагон

Семинар бо оилабарпокунандагон

Бори шашум аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ бо навхонадоршавандагон семинарҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда истодааст. Ин навбат чунин семинар-машварат дар алоҳидагӣ бо арӯсшавандагону домодшавандагон дар тарабхонаи «Гули бодом» доир карда шуд.

Дар семинар шаҳрдор Ғ.Боҳирӣ шахсан иштирок ва суханронӣ намуда, ҷавононро ба сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, хоксорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Инчунин дар назди оилабарпокунандагон мутахассисони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқ, тиб, намояндагони дин, равоншинос, занони собиқадор ва сарварони хонаводаҳои беҳтарин баромад намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз тарбияи ҳамаҷонибаи оилаҳои ҷавон, эмин доштани онҳо аз ҳама гуна падидаҳои номатлуб ба шумор меравад.

Мулоқот озод сурат гирифта, ҷавонон бо суолу дархостҳои хеш ба баромадкунандагон муроҷиат карда, посухҳо гирифтанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин мулоқотҳо дар ҳаёти минбаъда ва пойдориву устувории оилаҳо ва пешгирии зуҳуроти номатлуб нақши муассир хоҳад гузошт.

Источник: Konibodom.tj

12:50
143
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб