Язык сайта в процессе перевода.

Ҷаласаи назди роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

Ҷаласаи назди роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

Рӯзи гузашта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ маҷлиси фаъолон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ Илҳом Мухтор дар маърӯзаи худ фаъолияти кулли соҳаҳоро таҳлил намуда, аз ҷумла зикр кард, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 94,0 фисад, воридоти андозҳо ва пардохтҳо 94,6 дар сад, андози иҷтимоӣ 94,7 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фисад иҷро гардиданд.

Аз 10 намуди андозҳо иҷрои ҳашт намуд таъмин гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 63 милёну 72 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли рафта 156 фоизро ташкил медиҳад. То ҷашни Истиқлолият корхонаи истеҳсоли семент- ҶДММ Билол Суюлин Семент пурра ба фаъолият шуруъ хоҳад кард, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондиҳандаи соҳа мусоидат мекунад.

Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ аз фаъолияти нозироти андоз изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки чаҳор моҳи охир иҷрои нақша таъмин мегардад ва ҳанӯз заминаҳо фаровонанд.

Бо назардошти камбудиҳои соли рафта назди роҳбарони корхонаҳои пахтақабулкунӣ вазифа гузошт, ки зимни хариди маҳсулот аз рӯӣ адолат назар намоянд. Ҳамзамон, нисбати қарзи барқ, ки 2 млн.370 ҳазор сомонӣ аст, изҳори норозигӣ пеш оварда, андешидани чораҳои мушаххасро талаб намуд.

Дар робита ба соҳаи кишоварзӣ афзуд, ки ба масъалаи мубориза бар зидди ҳашарот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Баробари ин ба хотири фаровонии бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ ташкили гармхона ва сардхонаҳоро талаб намуд. Вазифа гузошт, ки назди бозорҳо бунёди сардхонаҳо ба нақша гирифта шаванд.

Оид ба захираи ангишт дар мактабҳо, вайроншавии оилаҳо ва рушди корхонаҳои воҳиди давлатии назди ҷамоатҳои деҳот андешаҳояшро баён намуда, вазифагузорӣ кард.

Дар кори маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ширкат намуда, бобати масъалаҳои ҳалталаб ҳарф зада, дар назди роҳбарони сохторҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Источник: Konibodom.tj

12:34
151
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб