Язык сайта в процессе перевода.

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон»: ҳунарнамоии аҳли ҳунари шаҳри Конибодом

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон»: ҳунарнамоии аҳли ҳунари шаҳри Конибодом

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи якҷояи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар саросари кишвар бо мақсади тарғиби мероси фарҳангии халқи тоҷик ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни халқ дар ҷодаи санъати рақс, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва эҳёи фолклор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ-телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз амалисозии ин лоиҳа пеш аз ҳама тарғиби санъати миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав миёни ҷавонон мебошад. Даври аввали Фестивал-озмун дар вилояти Суғд сурат гирифта, санаи 18.07.2017 дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом низ доир гашт.

Источник: Konibodom.tj

21:13
120
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб