Язык сайта в процессе перевода.

Маълумот оид ба расонидани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳои камбизоат

Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кӯмаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор  меравад. Дар ин асос, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар ин самт аз рӯи нақшаи корӣ ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2017 як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар шаҳри Конибодом барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини бахш бо якҷоягии шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа 4 (чор) маротиба семинар-машварат вобаста ба тартиби пур кардани парвандаҳо барои гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ва  тартиби нави таъйин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳои камбизоат бо иштироки мутасаддиёни ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ва мақомотҳои дахлдори вобаста шуда, дар ҷойи маҳал  гузаронида шуд.

Источник: Konibodom.tj

11:54
135
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб