Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили Рӯзи маъюбон

Таҷлили Рӯзи маъюбон

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қадршиносии маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти онҳо давлат мунтазам аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Боиси хушнудист, ки маҳз бо иқдоми нек ва сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки ин иқдом аҳли ҷомеаро бори дигар водор месозад, ки ба ин қишри ҷомеа бештар рӯ оварда шуда, баҳри ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои марбут ба онҳо мусоидат карда шавад.

Источник: Konibodom.tj

16:40
112
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб