Язык сайта в процессе перевода.

Иҷрои амалҳои нек

Иҷрои амалҳои нек

Роҳбарияти ҷамоати деҳоти Патар иҷрои амалҳои хайрро идома бахшида, 83 нафарро аёдат намуданд. Зимни аёдат ба шахсони ниёзманд ва маъюбу танҳо, ятимону бепарасторон кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ба чунин бошандагони ҳудуди ҷамоат маводи озуқа аз қабили орд, равған, биринҷ, гӯшт, шакар ва монанди инҳо дастрас карда шуд. Аёдатшудагон аз ин амали неку наҷиб шод гашта, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста арзи миннатдорӣ намуданд.

Источник: Konibodom.tj

16:34
122
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб