Язык сайта в процессе перевода.

Дастоварди ҷавондухтари тоҷик

Дастоварди ҷавондухтари тоҷик

Дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия хатмкунандаи мактаби миёнаи № 1-и райони Азнакаевск духтари точик, собиқ хонандаи Мтму № 3-и шаҳри Конибодом Ғафурова Наргиза Муродҷоновна барои хониши аъло сазовори медали тилло ва соҳиби гранти шаҳрдор Шайдуллин Марсел Зуфарович гардид, ки ин дастовард барои оилаи тоҷик шодиву фараҳ овард.  Наргиза донишро барои худ мояи манбаи фазлу камол шуморид, ба душвориҳо рӯ ба рӯ шуду аз онҳо заррае наҳаросид.  Тавассути ақлу заковат ва донишомӯзиаш Наргиза  ба дастовардҳо соҳиб шуда, байни ҳамсинфонаш  соҳибиззат гардид. Ба даст овардани донишу маҳорати фавқулодда дар байни русзабонон ба осонӣ муяссар нагардид. Дар роҳи донишомӯзӣ кӯшид, гарчанде душвор буд, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, дар чандин озмунҳои фаннӣ ғолиб омад. Соли 2016 дар шаҳри Қазон сазовори ҷои аввал гардида, байни хонандагон соҳибобрӯ гашт.  Наргиза имрӯз  ният дорад,  ки  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ё Санкт-Петербург гардад. 

Источник: Konibodom.tj

12:38
112
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб