Тамрини тирпарронӣ

Тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 июн чун ҳамасола дар минтақаи тирпарронӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон тамрини ҳарбӣ доир гашт. Дар чорабинии ҳарбӣ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, комиссари ҳарбии шаҳр Далер Солеҳов, сардори қисми низомӣ А.Ассоев, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, афсарону аскарони қисми низомӣ, афсарони муставфӣ, ҷавонони сершумор ва дигар сокинони шаҳру деҳот ширкат варзиданд. Дар нуқтаи таълимии №3-юми минтақаи мазкур иштирокдорон маҳорату малакаи худро дар иҷрои яке аз машқҳои ҳарбӣ-тирпарронӣ, ки маҳорату зиракии хосро тақозо мекунад, санҷиданд.
Источник: Konibodom.tj