Язык сайта в процессе перевода.

Саховати накукорон дар арафаи ҷашнҳо

Саховати накукорон дар арафаи ҷашнҳо

Соҳибкорони маҳаллӣ Раҳматҷон ва Равшанбой Азизовҳо, ки чанд сол инҷониб ба кори хайру сахо ва ободкориҳо даст мезананду бо ин амали хеш муаммои чандин нафарро ҳаллу фасл менамоянд, дар ин рӯзҳои неки моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳи кӯчаи ба номи Ҳоҷӣ Алиев ва Ҳоҷӣ Содиқро мумфарш гардониданд. Роҳи мазкур аз рӯи гуфти бошандагони маҳал тайи сӣ-чил соли охир рӯи таъмирро надида, ҳам барои пиёдагардон ва ҳам барои ронандагони нақлиёт душвориҳо меовард. Инак, ба шарофати ин мардони хайрпеша, ки соли пешин қисмати дигари кӯча низ мумфарш гардида буд, роҳ обод мешавад. Сокинони маҳал аз ташаббусҳои ин шахсон, хоса соҳибкор Равшанбой Азизов хеле мамнуну миннатпазиранд. Барои мумфаршгардонӣ асфалт аз ҶДММ «Хуҷанд-роҳ» харидорӣ гардида, роҳи кӯча ба масофаи 2.5 ҳазор метри мураббаъ ё ба дарозии 500 метр бо паҳноии 5 метр аз тарафи кормандони МДНРА мумфарш гардида истодааст. 

Источник: Konibodom.tj

16:31
140
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб