Язык сайта в процессе перевода.

Вохӯрии cе насли табибон

Вохӯрии cе насли табибон

Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Соли ҷавонон ва 20-умин солгашти Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишасту маҳфилҳо ва чорабиниҳои судманд баргузор шуда истодаанд. Дирӯз дар толори беморхонаи марказии шаҳр низ чунин як вохӯрии судманди се насл- насли ҷавон, калонсол ва собиқадорон дар атрофи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари номзади илми тиб, духтури дараҷаи олӣ, ҷарроҳ Темурхон Раҳимов баргузор гардид. Чорабиниро менеҷери маркази Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳр Аҳмадҷон Ёқубов оғоз бахшида, ҳадафи барпо гардидани онро муаррифӣ дошт. Таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифату маданияти ҷавонон ва тарбияи хуби онҳо ин шиносоӣ бо ҷараёни рӯзгор ва фаъолияти сермаҳсули аҳли зиёву фарҳанг, шахсони барӯманд ва собиқадорони варзида мебошад. Сипас, раиси иттифоқи касабаи КАТС Тӯхтасун Мамадов ба сухан баромада, аҳли нишастро ббо марҳилаҳои рӯзгор ва фаъолияти доманадору густурдаи ҷарроҳ Темурхон Раҳимов шинос кард. Зикр гардид, ки Темурхон Раҳимов дар ҷодаи фаъолияти касбӣ пайваста бо масъулияту кордонӣ соҳиби иззату эҳтироми ҳамкорон ва аҳли ҷомеа гардидааст. Ҳамзамон, номбурда дар тарбияи даҳҳо ҷарроҳони варзида саҳм гузошта, имрӯз шогирдонаш дар пешбурди соҳаи тиб софдилона адои меҳнат мекунанд.

Источник: Konibodom.tj

20:20
151
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб