Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили иди байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

Таҷлили иди байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як хонавода ва ҷомеаву давлат ба шумор  рафта, бахту саодати волидонанд. 67 сол инҷониб аз рӯйи анъана бо мақсади бори дигар рӯй овардан ба муаммову масъалаҳои кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад. Дар кишвари мо низ, санаи 1-июн иди писандидаи кӯдакону наврасон ҳисобида шуда, ҳамчун яке аз рӯзҳои муборак маҳбубият дорад. Даромадгоҳи боғи фароғативу истироҳатии шаҳр, назди майдони «Фараҳ» субҳи имрӯз ба олами зебои кӯдакон табдил ёфт. Дар ин ҷо тифлакони дӯстрӯ бо лабони пур аз табассум шодиву хурсандӣ доштанд, мерақсиданду мебозиданд. Як гуруҳ кӯдакон- хонандагони мактабҳо ва дастпарварони шуъбаи рассомии мактаби санъати бачагона дар рӯи асфалт расмкашӣ доштанд. Онҳо ҳар яке бо тарзи ба худ хос, бо нигоҳи беғаши кӯдакона табиати кишвар, зебоиҳои диёр, ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу осоиштагиро тасвир менамуданд. Аъзоёни ҳакамони озмуни расмкашӣ ба корҳои эҷодии онҳо баҳогузорӣ карданд.

Источник: Konibodom.tj

20:20
145
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб