Язык сайта в процессе перевода.

Вусъати корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашниҳои милливу таърихии кишвар – 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом ташкил намудани ҳашарҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳалли зист, кӯчаю хиёбонҳо, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фарҳангӣ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. То инҷониб, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 16995 дона дарахтони мевадиҳанда, 3432 дона дарахтони сояафкан, 4900 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуда, барои ободонӣ ва кабудизоркунии кўчаҳои марказии шаҳр ба масоҳати 2000 м2 кабудизор ва гулкорӣ карда шуда, дар онҳо ва майдону хиёбонҳо 3000 дона гулҳои садбарг, 1000 дона канна, 4000 дона гулҳои ороишии мавсимӣ инчунин, 340 бех дарахти ёсини ҳиндӣ, 200 бех дарахти каштан шинонида шуд. Дар давраи аз 14 то 25 апрели соли ҷорӣ  ҳамзамон дар кӯчаҳои марказии шаҳр 1300 дона навъи гули петуния ва 1000 дона навъи гули канна шинонида шуда, ҷиҳати ба тартиб даровардани пиёдароҳҳо дар асоси амри раиси шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, то инҷониб дар ҳамаи кӯчаҳои шаҳр корҳои ободонӣ ва тозагӣ гузаронида шуда истодааст.

Источник: Konibodom.tj

20:19
116
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб