Язык сайта в процессе перевода.

Мумфаршгардонии кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров

Мумфаршгардонии кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иқдоми неки соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз роҳҳои кӯчаи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мумфарш карда шуд. Сокинони кӯчаи ба номи Б.Ғафуров, маҳаллаи ба номи Пайрав Сулаймонӣ солҳо инҷониб аз номусоидии роҳ ва ноҳамвору дағал будани он азият мекашиданд. Бахусус, дар рӯзҳои сармои зимистон равуои мардум хеле душвор буд. Хушбахтона, ин муаммои сокинон бо ғамхории роҳбари вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳаллу фасл гардид. Дар расми оғози мумфаршгардонии кӯчаи мазкур Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ширкат варзида, бо сокинон мулоқот орост. Аз вазъи кор пурсон гашта, ба саховатмандони маҳаллӣ барои саҳмгузорӣ дар ин кори хайр изҳори сипос намуд.

Источник: Konibodom.tj

20:50
136
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб