Язык сайта в процессе перевода.

Хатнатӯйи фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ

Хатнатӯйи фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ

Дар идомаи пайгирӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили ҷашни зафар дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ хатнатӯйии 8 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди деҳаҳои Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб баргузор карда шуд. Ин амали нек бо мақсади дасти мадад дароз намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва ба ифтихори иди Ғалаба аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуғаффор Мироматов ба иҷро расонида шуд. Дар хатнасури ин тифлакон шаҳрдор Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, сокинони деҳаро ба муносибати ид ва волидайни кӯдаконро бо хатнасури фарзандонашон шодбош гуфта, саодату хонаободӣ ва нусрату нишот таманно кард. Аз ҷониби ҳокими шаҳр ба тифлакони дӯстрӯ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Источник: Konibodom.tj

12:07
141
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб