Язык сайта в процессе перевода.

Қабули пилла оғоз ёфт

Қабули пилла оғоз ёфт

Имрӯз кирмакпарварони шаҳри Конибодом дар вилоят аввалин шуда, ба пилласупорӣ шуруъ намуданд. Дар мавсими имсола кирмакпарварони шаҳр парвариши 1920 қуттӣ тухми кирмакро дар 2 ҳазору 858 хоҷагӣ ба роҳ монда буданд. Бо роҳбарии шаҳрдорӣ, дастгирии сармоягузорони ватанӣ роҳбарияти ҷ/с фаръии «Пиллаи Конибодом» ва мутахассисони соҳа пиллаи аълосифатро ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаи қабул супориданд. Парвариши кирмак дар ҳудуди ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот бо риоя ба қоидаҳои агротехникии парвариши кирмак ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуд.

Источник: Konibodom.tj

12:07
88
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб