Язык сайта в процессе перевода.

Оғози кишти пахта

Кишоварзони шаҳрамон бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар  киштзорҳо ба кишти пахта шуруъ намуданд. Ҳамаи заминҳо ба кишти баҳорӣ омода карда шуда, деҳқонон бо азму иродаи қавӣ ба замин донаи умед мекоранд. Дар маросими оғози кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакор, аз ҷумла, дар х/д «Зарбдор»-и ҷ/д ба номи Ғ.Ортиқов, ки сарварии онро Анварҷон Ваҳҳобов ба уҳда дорад,  Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ширкат намуда, ба деҳқонон барори кор ва файзу баракат орзу намуд. Кишоварзони шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки имсол дар майдони  7 ҳазору 897 га кишти баҳорӣ гузаронида, дар 5 ҳазору 300 гектари он пахта кишта, ҳосилнокиро  нисбати соли гузашта баланд намоянд ва ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Деҳқонон ният доранд, ки саривақт кишти пунбадонаро ба анҷом расонида, дар муҳлатҳои муқаррарӣ корҳои агротехникиро босифат ба ҷо оранд.  

Источник: Konibodom.tj

13:50
221
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб