Язык сайта в процессе перевода.

Рӯзи «Дарҳои кушод»дар литсейи кишоварзӣ

Рӯзи «Дарҳои кушод»дар литсейи кишоварзӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонону хонандагон ба касбомӯзӣ дар литсейи касбии саноати кишоварзӣ рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар рӯзи дарҳои кушод аз 35 муассисаҳои таълимии шаҳрамон зиёда аз 1000 нафар хонандагон ҳамроҳи омӯзгорони худ ташриф оварда, аз шароити таълимгоҳ аз наздик шинос гардиданд. Зимни шиносоӣ онҳо дар ҷараёни соатҳои таълимӣ иштирок намуда, аз сехҳои истеҳсолӣ, базаи моддӣ-техникии таълимгоҳ, майдончаи автомобилронӣ, толори варзишӣ, ошхона ва хобгоҳ дидан намуданд.

Источник: Konibodom.tj

12:37
232
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб