Язык сайта в процессе перевода.

Ғамхорӣ ба наврасон

Ғамхорӣ ба наврасон

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 маросими кушодашавии толори варзишӣ доир гашт. Толори мазкур аз ҷониби шӯрои падару модарони мактаб таъмир карда шуда, аз нав ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он сардори Раёсати маорифи шаҳр Исроилов А. ва намояндаи КИШ ҲХДТ - роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Ҳоҷиев Ф. хонандагонро ба муносибати азнав баистифодадиҳии толори варзишӣ муборакбод карданд, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштан ва тарғиби варзиш даъват намуданд. Ба директори МТМУ №2 Дадоҷонова Муаззам  барои корҳои ободониву созандагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа миннатдорӣ карда шуд.

Источник: Konibodom.tj

12:37
137
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб