Язык сайта в процессе перевода.

Машварати раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳр

Машварати раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳр

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати навбатии раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони шаҳр доир гардид. Машваратро раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов оғоз бахшид. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони минтақаи зисти Айнӣ Ҳасанбой Ҷабборов аз таҷрибаи кори ташкилот оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳи анъанаҳои беҳтарини авлоди калонсол баромад намуд. Аз ҷумла, вохӯриву мулоқотҳое, ки бо хонандагони мактабҳои №7, 42, 54 бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХVI -уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки муборизи сохти конситутсионӣ Исмоилҷон Қаюмов, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмадов, ҷанговари байналмилал Абдураҳмон Восидов барпо гаштааст, ёдовар шуд. Сипас, муовини раиси Шӯрои шаҳрӣ Исмоилҷон Юсупов дар бораи омодагӣ ба таҷлили 72-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баромад намуда, ба диққати ҳозирин нақша-чорабинии Шӯрои шаҳриро оиди ин масъала расонид. Ҷамъомадро раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов ҷамъбаст намуда, вазифагузорӣ намуд. 

Источник: Konibodom.tj

19:25
160
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб