Язык сайта в процессе перевода.

Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ байни аҳолӣ

Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ байни аҳолӣ

Дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ вобаста ба ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ба иҷро расонидани амалҳои неку хайр ва дар маҷмуъ, тарзи ҳаёти солиму арзандаро пеша намудани сокинон намояндагони уламои дини шаҳрамон бо аҳолии шаҳру деҳот корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурданд. Бо ин мақсад аз ҳисоби ходимони дин гуруҳҳо таъсис дода шуда, ҳайати гуруҳҳо нахуст дар деҳотҷойҳо аз вазъи зиндагии мардум дидан карданд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Патар аз якчанд хонаҳо  боздид карданд. Зимни боздид бо шароити зисти сокинон, ҳолу аҳвол ва тарзи зиндагии онҳо аз наздик шинос шуданд. Пас аз шиносоӣ бо аъзоёни оилаҳо суҳбатҳо ороста шуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани манзилу макон, ободониву сарсабзгардонӣ, сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ», пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мисли инҳо дастурҳо дода шуд. Зимни боздид ба якчанд нафар бошандагони ҷамоати мазкур, ки оилаҳои ниёзманд буда, шароити оилавиашон хуб нест, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ба онҳо маводи озуқа ва ҷиҳози рӯзгор дастрас карда шуд, ки дар арафа ва рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ин амали басо хайр маҳсуб ёфта, боиси хушнудии ин нафарон гардид.

Источник: Konibodom.tj

19:24
131
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб