Язык сайта в процессе перевода.

Ҷаласаи комиссияи шаҳрии татбиқи Қонуни забони давлатӣ

Ҷаласаи комиссияи шаҳрии татбиқи Қонуни забони давлатӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки аъзоёни комиссияи шаҳрӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти сарварии раиси комиссияи шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода сурат гирифт. Ба баррасии рӯзномаи ҷаласа асосан ду мавзуъ: таҳлили фаъолияти комиссияҳои татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷамоатҳои деҳот ва фаъолияти комиссияи раёсати маорифи шаҳр гузошта шуд. Нахуст фаъолияти комиссияи шаҳрӣ дар маҷмуъ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта гуфта шуд. Сипас нақшаи кории фаъолияти аъзоёни комиссия барои соли 2017 тасдиқ карда шуд. Шахсони масъул доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоатҳои деҳот  вобаста карда шуданд.

Источник: Konibodom.tj

19:24
153
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб