Язык сайта в процессе перевода.

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҷамоатҳои деҳот

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҷамоатҳои деҳот

Ҷашни Наврӯзро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Таҷлили ин ҷашни қадима аз ниёгон ба мо мерос боқӣ монда, ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев низ ин ҷашни милливу мардумиро ботантана ҷашн гирифтанд.  Дар идгоҳ мардум ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу осоиштагӣ Наврӯзи ҷаҳониро бо риояи тамоми суннатҳои неки ниёгон истиқбол намуданд. Намоиши ҳунарҳои гуногуни дастӣ, корҳои эҷодӣ, кандакориву кешбофӣ, сӯзанидӯзиву зардӯзӣ, хони наврӯзӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокдорон аз онҳо дидан карданд.

Источник: Konibodom.tj

19:24
138
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб