Язык сайта в процессе перевода.

Устуворӣ бахшидан ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз рӯи лоиҳаи «Устувор намудани барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа дар се шаҳру ноҳияи ҶТ» аз фаъолияти ҳаштмоҳаи соли 2016 натиҷабардорӣ карда шуд. Ҷаласаро муовини Раиси шаҳр Замирахон Ашурматова ифтитоҳ бахшид. Дар ҷаласа 3 масъала баррасӣ гардида, ҳисоботи аъзоёни Шӯро шунида шуд. Нахуст менеҷери лоиҳа Заррина Ғафурова оид ба фаъолияти ҳаштмоҳаи аъзоёни Шӯро ҳисобот дод. Равоншиноси Раёсати маорифи шаҳр Сайфулло Ниёзов доир ба ҷалб намудани кӯдакони имконияташон махдуд ба таҳсил баромад кард. Сипас, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома маърӯзаи мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Назирҷон Мамадов перомуни роҳҳои дастрас намудани таҷҳизот ба маъюбон шунида шуд. Аз маърӯзаҳои ироагардида маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзоёни Шӯро фаъолиятро беҳтар намуда, имкониятҳоро барои фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсилоти фарогир, ҳамаҷониба ба ғамхориҳо фаро гирифта шудани онҳо, таъмини маъюбон бо таҷҳизоти зарурӣ равона карда, баҳри амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур кӯшиш ба харҷ дода шудааст. Байни аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифта, барои пешрафти кор дар ин самт таклифҳо пешниҳод гардид. Баъдан нақшаи кории Шӯро барои фаъолияти минбаъда қабул ва тасдиқ гардида, баҳри иҷрои саривақтии он масъулон вазифадор гардиданд. Муовини раиси шаҳр З.Ашурматова ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба аъзоён баҳри ҷоннок намудани фаъолият, андешидани чораҳои мушаххас бобати фаро гирифта шудани кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ва фароҳам овардани шароитҳои бештар барои гуруҳи чунин кӯдакон дастуру супоришҳо дод. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» амалӣ гардида, баҳри дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуди ҳудуди шаҳр равона гардидааст.
23:50
299
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб